Ходимони «ГАИ» акнун баённомаҳоро ба тарзи электронӣ расмӣ мегардонанд

Ходимони «ГАИ» акнун баённомаҳоро ба тарзи электронӣ расмӣ мегардонанд

Имрӯз, 1-уми май дар Садорати бехавфии ҳаракати роҳи Сарсадорати корҳои дохилии вилояти Тошканд ҷамъомад ба амал омад. Дар он роҳбарони майдонҳои ҷаримавӣ, ки муваққатан дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият дорад, инчунин нозирони амалиёти маъмурии Хизмати бехавфии ҳаракати роҳ иштирок карданд. Дар ин бора хизмати ахбори ХБҲР-и Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Дар ҷамъомад масъалаҳои бо риояи қонун баровардани воситаҳои нақлиёт, ки дар давраи карантин ба майдонҳои ҷарима дароварданд ва таъмини устувори қонун дар ин кор, дидани чораҳои роҳ надодан ба коррупсия муҳокима гашт. Натиҷаҳои санҷишҳои назорати майдонҳои ҷарима эълон гардида, чораҳои ба зудӣ бартараф намудани камбудиҳои аниқгардида дида шуд. Таъкид гардид, ки бар асоси қарори дахлдори Девони Вазирон аз ҷониби нозирони хизмати роҳ-патрул ба соҳибони нақлиёт, ки қоида вайрон мекунанд, тартиби ба тарзи электронӣ баённома расмикунонӣ ҷорӣ мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ