Худкардаро даво нест…

Худкардаро даво нест…


Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон оид ба рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароит барои субъектҳои хоҷагидорӣ ва бартарафнамоии низоҳое, ки ба рушди устувори фаъолияти онҳо халал мерасонанд, як қатор чорабиниҳо амалӣ мегардад.
Баробари ислоҳотҳо нақш ва потенсиали субъектҳои соҳибкорӣ дар иқтисодиёти кишварамон сол то сол афзоиш меёбад. Аммо, чи хеле ки дар урфият мегӯянд, «шолӣ бекурмак намешавад», баъзе ҳамватанони мо, зери ниқоби «тадбиркор» аз захираҳои давлатӣ истифода намуда, мекӯшанд, ки ризқу насибаи мардумро азони худ намояд.
Кормандони Садорати бюрои иҷрои маҷбурии вилояти Самарқанд ва шӯъбаи ноҳияи Пастдарғам ҳангоми санҷиши иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз санаи 12-уми январи соли 2018 таҳти рақами 22 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба беҳтар кардани истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ» чунин ҳолатҳоро мушоҳида намуданд.
Аз ҷумла, як сокини маҳаллаи «Туркман» Ю.Ю. дар масоҳати 26,32 м2 гармхона сохтааст. Барои ба кор даровадани гармхона ва истифодаи гази табиӣ ӯ пинҳонӣ бидуни рухсатномаи корхонаи дахлдор як лӯлаи диаметриаш 32-ро ба лӯлаи диаметраш 426, ки маҳалларо бо гази табиӣ таъмин мекунад, ғайриқонунӣ пайваст кард. Дар натиҷаи чунин фаъолияти «тадбиркорӣ» ба давлат 81 млн. 183 000 сӯм зарар расонида шуд.
Аз рӯи чунин ҳолат шӯъбаи бюрои иҷрои маҷбурии ноҳияи Пастдарғам бо бандҳои «в, г»-и қисми 3-и моддаи 169-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, прокуратураи ноҳия тафтишот бурда истодааст.
Ба ин монанд, истиқоматкунандаи маҳаллаи Бахшибойи ноҳия З.А. сехи истеҳсоли коғази сиёҳ ташкил намуда, барои ба таври қонунӣ ба роҳ мондани фаъолияти сех ба ҷои, ки аз корхонаҳои мутасаддӣ ҳамчун истеъмолгари яклухти гази табиӣ рухсатнома гирифта ва аз рӯи тартиби муайян амалӣ намудани пардохтҳо, ӯ пинҳонӣ қубури диаметраш 70-и, ки шаҳрвандони маҳаллаи «Камолот»-ро бо гази табиӣ таъмин мекунад, қубури диаметраш 40-ро гузошт, онро бо дегҳои гармидиҳии сех васл кард ва якчанд вақт боз ғайриқонунӣ аз захираҳои гази табиӣ истифода бурдааст.
Дар натиҷаи чунин амалҳои шаҳрванд З.А. ба давлат 122 млн. 625 000 сӯм зарар расонида шуд.
Аз рӯи ин ҳолат, шӯъбаи бюрои иҷрои маҷбурии ноҳияи Пастдарғам нисбати шаҳрванд З.А. парвандаи ҷиноӣ боз шуда, бар асоси қисми 4-и моддаи 1852-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тафтишот идома дорад.

Садорати Бюрои иҷрои маҷбурии
вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ