ДУ РУБОИИ НАВИ УМАРИ ХАЙЁМ

ДУ РУБОИИ НАВИ УМАРИ ХАЙЁМ

  • Post category:Фарҳанг

Муҳаммад Аршинвафоӣ-устоди Донишгоҳи Теҳрон дар мақолаи худ » Огоҳии тозае аз робитаи Ҳаким Умари Хайём ва Имом Муҳаммад Ғаззолӣ» менависад, ки дар дебочаи як китоби қадимаи китобхонаи Сулаймонияи Туркия ду рубоии Умари Хайёмро дарёфт намудааст. Ин ду рубоӣ дар рисои Имом Ғаззолӣ суруда шудаанд ва чунинанд:

Аз гардиши ту ,эй фалаки гардогард,
Он кист, ки нест дар ҷаҳон бе ғаму дард.
Аз шахси яке мард баровардӣ гард,
К-аш мисл ба рӯзгор натвонӣ кард.

Як тан хабари марги ту нанюшидаст,
К-уро на зи дида хун бурун ҷӯшидаст.
Тораст ба чашми халқ гетӣ зи ғамат,
Гӯӣ ки ба сӯги ту сияҳ пӯшидаст.

Ба шабака пайваст шавед!
👇👇👇
@shabakaisuxanvaron

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ