ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ: “ЯГОН ОИЛА, ЯГОН НАФАР БЕЭЪТИБОР НАМЕМОНАД”

Пас аз борони шадид ва шамоли тӯфон  субҳи рӯзи 1 май як қисми сарбанди обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарёфурӯ рехт. Дар натиҷаи ин ба нуқтаҳои аҳолинишин, шабакаҳои коммуникатсионӣ ва майдонҳои кишоварзӣ зарари калон расид.

Роҳбари давлат зуд ба ҷойи офат ташриф овард. Комиссияи давлатӣ таъсис ёфта, барои рафъи оқибатҳои вазъияти фавқулодда, ба ҷойҳои бехавф кӯчондани аҳолӣ ва расондани кӯмаки ҳамаҷониба тамоми чораҳо андешида шуданд.

Президент бо шахсони ба ноҳияи Оқолтин эвакуатсия кардашуда вохӯрда, қайд кард, ки ба ҳамаи осебдидагон эътибори алоҳида  дода, онҳо бо манзил ва хӯрокворӣ таъмин карда мешаванд.

– Ин озмоишест, ки онро ҳеҷ кас интизор набуд. Аввалин иқдоми мо ин ба ҷойҳои бехатар кӯчонидани одамон гардид. Аз ҳама муҳимаш – қурбониён нест. Ман аз оқсақолон, раисон ва нозирони маҳаллаҳо хоҳиш менамоям, ки мо бояд онҳоро ба хонаҳо, хаймаҳо ҷойгир карда, тамоми одамонро бо  хӯрок таъмин кунем, маҳалла ба маҳалла корҳоро саранҷом намоем. Тамоми қувваву воситаҳоро сафарбар мекунем. То беҳтар шудани вазъият ягон раҳбар намеравад. То чӣ андоза мураккаб набошад ҳам бояд сабр карда, тоқат кунем. Ягон оила, ягон шахс беэътибор  намемонад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар чорабиниҳои фаврӣ қувва ва воситаҳои вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодда, хоҷагии об, ташкилотҳои сохтмон ва таъмир, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хидматҳо амал мекунанд. Аз ҷониби штаби махсус сокинони маҳаллаҳои назди обанбор ба минтақаҳои бехатар кӯчонида, аз ҷумла онҳо ба мактабҳо, коллеҷҳо ва корхонаҳо ҷойгир карда шуданд, як қисми зарардидагонро сокинони маҳаллаҳои дигар қабул карданд.

Ҳайати шахсӣ ва техникаҳои махсуси Вазорати мудофиа низ дар эвакуатсия кардани аҳолӣ ва муҷаҳҳазгардонии объектҳои хоҷагидорӣ иштирок карданд. Ба эвакуатсия ва нигоҳ доштани тартибот раёсати ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ дар вилоятҳои Сирдарё ва Ҷиззах ҷалб карда мешаванд.

Президент Шавкат Мирзиёев ба сарбанди обанбори Сардоба ташриф оварда, ҷойи вайроншударо аз назар гузаронд. Пас аз муҳокимаи вазъият бо комиссияи ҳукуматӣ ва мутахассисон барои пӯшондани ҷойи рахнашуда қувваву захираҳои зарурӣ сафарбар карда шуданд.

Айни замон ихроҷи об қатъ карда шуд. Маҷрои об ба канали Абайи ноҳияи Оқолтин равона карда, ба кӯли Арнасойи вилояти Ҷиззах бароварда шуд.

Вазъият таҳти назорати шахсии Президент қарор дорад.

ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ