Истифодабарии таҷҳизотҳои мобилӣ пеш аз хоб зарар дорад


Бино ба таҳқиқоти олимони коллеҷи шоҳонаи Лондон кӯдаконе, ки пеш аз хоб рафтан аз самартфону планшетҳо истифода мекунанд, назар ба онҳое ба онҳо дастрасӣ надоранд, аз ихтилоли хоб ранҷ мебаранд.
Олимон натиҷаи 20 таҳқиқотро, ки дар маҷмӯ 125 ҳазор кӯдаки аз 6 то 19-сола ширкат варзидааст, таҳлил кардаанд. Мушаххас шудааст, ки истифодабарии смартфон ва дигар таҷҳизотҳои мобилӣ пеш хоб рафтан ба хатари камхобӣ ва хоболудии аз ҳад зиёди рӯзона вобаста аст. Ҳатто ҳузури гаҷҷетҳо дар ҳуҷраи хоб ба сифати он метваонад таъсир расонад. Далел ин аст, ки кӯдакон ҳамавақт омодаанд ба пайёмакҳо ҷавоб нависанд ва интизоранд, ки касе ба онҳо чизе нависад.
Вайроншавии хоб дар кӯдакон ба саломати таъсири манфӣ расонида, ба бадшавии иштиҳо, фарбеҳӣ, коҳиш ёфтани низоми иммунӣ ва қатъи афзоиш оварда мерасонад
Аз нигоҳи муҳаққиқон, густариши маҳбубияти гаҷҷетҳо минбаъд боиси вайроншавии хоб дар кӯдакон мегардад. Кам кардани дастрасии фарзандон ба смартфонҳо ва ташвиқи рафтори дуруст пеш аз хоб роҳи ҳалли ин масъала буда метавонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ