Дар Тоҷикистон дар чор моҳи соли равон 95 нафар аз пневмония вафот карданд


Шумори фавтидагон аз бемории илтиҳоби шуш ва ё пневмония давоми 4 моҳи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 95 нафар расидааст.
Дар ин бора Хизмати матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтааст, шумори мубталоёни ин бемории илтиҳоби шуш тайи моҳҳои январ апрели соли равон 5489 нафарро ташкил медиҳад, ки 850 нафар нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, шумори фавтидагон дар ҳамин давраи соли гузашта аз ин беморӣ аз 53 (1,1%) ба 95 нафар (1,7%) афзудааст.
Бонки миллӣ дар такя ба маълумотиҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ҳамасола дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна аз 350 то 450 миллион нафар одамон ба бемории пневмония (илтиҳоби шуш) гирифтор мешаванд, ки аз ин шумора ба ҳисоби миёна аз 3 то 7 миллион нафари онҳо мефавтанд, ки аз 1,5 то 4,0 фоизи шумораи умумии беморшудагонро ташкил медиҳад.
“Инчунин, бинобар маълумоти расмии ташкилоти номбурда, фавт дар ҷаҳон аз ин беморӣ, пас аз бемориҳои дилу рагҳо, саратон, осебу заҳролудшавӣ ҷойи чорумро ишғол менамояд”,-афзудааст манбаъ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ