Чин барои иштироки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар таҳқиқи пайдоиши коронавирус иҷозат намедиҳад. Чаро?

Чин барои иштироки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар таҳқиқи пайдоиши коронавирус иҷозат намедиҳад. Чаро?
  • Post category:Ҷаҳон

Мақомоти Чин дархости Созмони умумиҷаҳонии тандурусти(СУТ)-ро оид ба иштирок дар таҳқиқи пайдоиши коронавирус рад карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи СУТ дар Чин, Годин Галеа.
Ба гуфтаи номбурда, донистани ҳолатҳои пайдоиши коронавирус барои СУТ, баҳри пешгирии ин гуна ҳодиса хеле муҳим аст.
«Мо медонем, ки таҳқиқи миллии (Чин) алакай ҷараён дорад, аммо дар ин марҳила мо баро иштирок даъват карда нашудем. СУТ ба ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти тандурустии Чин дархостро идома медиҳад» гуфт коршинос дар мусоҳиба бо шабакаи бритониёии Sky News.
Вай инчунин қайд кард, ки мақомоти Чин ба СУТ дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои ду лабораторияи вирусологӣ дар Вуҳонро, ки маркази эпидемияи паҳншавии коронавирус мебошад, намедиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, СУТ ба пайдоиши табии вирус бовар дорад, на сунъӣ:»Бо вуҷуди ин, дар сабтҳои лабораторӣ бояд ҷузъи ягон ҳисоботи мукаммал ва омӯзиши пурраи таърихи пайдоиш (вирус) бошанд»,- илова кард Галеа.
Қаблан расонаҳои амрикоӣ гуфтан, коронавирус дар шароити лабораторӣ дар Вуҳани Чин сохта шудааст.
Дар пайи ин Доналд Трамп низ зимни як брифинг гуфт,  агард исбот шавад,  ки вирус ба таври сунъӣ пайдо шудааст ва Чин онро пинҳон доштааст, муҷозот хоҳад шуд.
Аммо мақомоти Чин ин даъвоҳоро беасос мехонанд.
Вазорати корҳои хориҷии Чин низ 16 апрел гуфт, СУТ борҳо изҳор доштааст, ки ҳеҷ далеле вуҷуд надорад,  ин вирус дар лаборатория эҷод шудааст. Аксари коршиносони маъруфи ҷаҳон низ ба ин бовар доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ