Баъди обхезии Сирдарё ду қишлоқи Қазоқистон зарар дид

Баъди обхезии Сирдарё ду қишлоқи Қазоқистон зарар дид

Бо баромадани об аз девори шашуми обии дамбаи обанбори «Сардоба» барои камкунии оби ин обанбор бо қарори мутасаддиёни дахлдор оббарорӣ бо воситаи канали марказӣ оғоз гардид. Баъди ҳамин, дар якчанд нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Мақтаороли вилояти Қазоқистон хавфи обзеркунӣ пайдо шуд. Бино ба маълумоти Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон аз соати 20:15-и 1-уми май оббарорӣ аз обанбори «Сардоба» қатъ шудааст. Сокинони нуқтаҳри аҳолинишини Ҷана Ҷол, Ҷол, Ҷенис, Ҷана Турмиси вилояти Туркистон бо хавфи пайдошуда эвакуатсия кунонда шуданд. Онҳо дар дигар қишлоқ кӯч бастанд. Аҳолӣ дар мактабҳои ин қишлоқ ҷойгир шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ