Себ давои бемории саратон аст


Аз нигоҳи муҳаққиқони италиявӣ агар инсон ҳар рўз себ истеъмол кунад, метавонад аз 6 намуди бемории саратон худро ҳифз намояд. Тадқиқоти мутахассисони италиявӣ аз донишгоҳи Перуҷа дар маҷаллаи «Public Health Nutrition» нашр шудааст.
Олимон дар хусуси эмин нигоҳ доштан аз бемориҳои саратон тавассути парҳезкорӣ зиёда аз 40 тадқиқоти илмӣ гузарониданд. Дар натиҷа ба хулосае омаданд, ки истеъмоли себ аз саратони меъда ва сурхрӯда эмин нигоҳ дошта, дар баъзе ҳолатҳо эҳтимоли гирифторшавии бемории саратонро 2 баробар камтар менамояд. Дар байни дӯстдорони себ бемории саратони шуш 25% ва саратони сина бошад панҷ баробар камтар ба назар мерасад нисбати онҳое, ки ин меваро кам ё умуман истеъмол намекунанд Дар баробари ин истеъмоли себ аз саратони рӯдаи рост ва ғавс инчунин саратони даҳон ҳифз мекунад.
Тавре олимон қайд мекунанд таъсири зиёди себ бар зидди бемории саратон аз зиёд будани пигментҳои антиоксидант дар таркиби он мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ