Шоира Хосият Бобомуродова 2-юми майи соли 1950 дар ноҳияи Хатирчии вилояти Самарқанд (ҳоло вилояти Навоӣ) таваллуд шудааст.

Шоира Хосият Бобомуродова 2-юми майи соли 1950 дар ноҳияи Хатирчии вилояти Самарқанд (ҳоло вилояти Навоӣ) таваллуд шудааст.


Соли 1966 мактаби миёнаро хатм карда, шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ гардидааст.
Аз соли 1967 ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоӣ, аз соли 1975 ба ҳайси директори мактаб кор кардааст. Аз соли 1983 то 1989 котиби Шӯрои иҷроияи шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Навоӣ, аз соли 1990 то 2003 дар вазифаи котиби масъули шӯъбаи вилояти Самарқанд, аз соли 2003 то 2005 ба ҳайси директори нашриёти «Зарафшон» кор кардааст.
Муаллифи як қатор асарҳои манзуми мансур мебошад.

Дорандаи медали «Шӯҳрат», Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон, Корманди шоистаи маорифи халқ.


ДЕВОНА ГАШТА БОШАД
Моро биҷуста имрӯз девона гашта бошад,
Бо шубҳаю гумонҳо ҳамхона гашта бошад.
Дар гӯшае фурӯзон гар гашта шамъи умед,
Атрофи он давида парвона гашта бошад.
Бо Ҷомию ба Лутфӣ гашт ошно Навоӣ,
Гар дарди дил набошад, бегона гашта бошад.
Дар дуриҳо надонад хуниндилии моро,
Дар роҳи ман ду чашмаш гирёна гашта бошад.
Бо айшу бо фароғат ҷуфт аст дилбари ман,
Гуфта ба оҳу ҳасрат якдона гашта бошад.
Бар васл карда муштоқ чашмони дурбинаш,
Ин қалби Хосият ҳам вайрона гашта бошад.

ГИРЯ БИНМО
Гиря кун, дил, гиря кун, дил, гиряро афзун савоб,
Дафтари ғам боз гардад, пур шавад, ин фаслу боб.
Айби ман бошад вафо бинмудану ҷустан вафо,
Ин забонам лолу доим бевафо ёбад ҷавоб.
Кардаам ҳамдард бо худ, кардаам ман ғайр дӯст,
Кам шумори дилнишот, афзун шумори дилкабоб,
Дар гумонам ғам фурӯ бурдам ба танҳоии худ,
Соқии андӯҳу ғамҳо, ҷоми ту пур аз шароб.
Шод будам, дидаамро нур бахшад ҳамчу шед,
Шишаи бишкастае он, ваҳ, чӣ сон афзун шароб!
Қасди бисёре диламро бозувонам зӯр дод,
Хосият, ҳаддат бидон, дунёи мо пур аз савоб.
Тарҷумаи Асадулло ШУКУРОВ

Шеърҳои Хосият Бобомуродова

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ