Тоҷикистон: шумораи гирифторони коронавирус ба 32 нафар расид

Тоҷикистон: шумораи гирифторони коронавирус ба 32 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон


То 2-юми майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19, аз ҷумла 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора, Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки 29-уми апрели соли 2020 дар ин кишвар 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19 аниқ карда шуда буд. Аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 ҳодиса.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ