Аз буҷаи вилояти Самарқанд барои сардобагиён 5 миллиард сӯм ҷудо карда шуд

Аз буҷаи вилояти Самарқанд барои сардобагиён 5 миллиард сӯм ҷудо карда шуд

Имрӯз, 2-юми май, сессияи ҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид.

Дар сессия, ки бо ташаббуси як гурӯҳ депутатҳо доир шуд, масъалаи дастгирии аҳолие, ки аз вайрон гардидани як қисми обанбори «Сардоба»-и вилояти Сирдарё осеб дидаанд, баррасӣ гардид.
Раиси шӯро, ҳокими вилоят Э.Турдимов ба иштирокчиёни ҷамъомад, ки ба таври видеоконфронс гузаронида шуд, дар бораи ҳодисаи ноҳияи Сардоба ва вазъи кунунии он маълумот дод.

  • Дирӯз депутатҳо ва фаъолони мо бо ташаббуси кӯмак ба мардуми Сардоба баромаданд, — гуфт ҳокими ноҳияи Каттакурган А.Баҳромов. — Ба ростӣ, аз ин мурувватнокии халқамон, ман ифтихор кардам. Бо вуҷуди борон, то шом ду мошини боркаш либосҳо, ашёи рӯзгор ва хӯрокворӣ барои осебдидагони офати табиӣ ҷамъ карда шуд ва субҳи имрӯз ба суроғаи дахлдор фиристода шуданд.

Дар сессия чунин тасмим гирифта шуд, ки барои чунин иқдомот ва ташаббусҳо дар назди Маркази Ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак» дар маҳалҳо таъсиси шӯъбаи алоҳида барои Сардоба чун маълумот қабул карда шуд.

Баъд аз он, пешниҳод оид ба ҷудо кардани 5 миллиард сӯм аз қисми барзиёди нақшаи даромади буҷети вилоят барои семоҳаи аввали соли 2020 ба Хазинаи хайрия барои кӯмак ба мардуми Сардоба пешниҳод карда шуд ва ин пешниҳод аз ҷониби депутатҳо маъқул дониста шуд.

  • Мардуми Сардоба бародарони мо ҳастанд, — гуфт Э.Турдимов. — Онҳо дар мавсими тобистон аҳолии моро бо маҳсулоти полизӣ таъмин мекунанд. Ғайр аз ин, дар рӯзҳои душвор такягоҳи ҳамдигар будан аз арзишҳои волои мардуми мо мебошад.
    Илова бар ин, мехоҳам ба зиёиён ва мардуми вилояти мо, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо дигар роҳҳо ин кӯмакро оғоз кардаанд ва ба ҷабрдидагон дастгирии маънавӣ мерасонанд, изҳори миннатдорӣ мекунам.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ