Ҳайати намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон омаданд

Ҳайати намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон омаданд

  • Post category:Ҷаҳон

Коршиносон ва эпидемиологҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Душанбе омадаанд,  хабар медиҳад сомонаи Дафтари Минтақавии СУТ дар Аврупо.
«Як гурӯҳи коршиносони соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо бо дархости ҳукумат даъват карда шуданд, ки ба мақомоти тоҷикро дар омодагӣ ба пешгирӣ  аз паҳншавии эҳтимолии COVID-19 дастгирӣ кунанд», — омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, кормандони СУТ дар якҷоягӣ бо мутахассисони тоҷик хатарҳо ва вазъиятро арзёбӣ карда, инчунин дар таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла имкононти лабораторӣ, кӯмак мерасонанд.

Ёдовар мешавем,  рӯзи 30-уми апрел 15 мавриди сирояти шаҳрвандони ин кишвар ба вируси корона ё COVID – 19 эълон карда шуд.
Аммо мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон то ҳол макони аслии шуюъи ин беморӣ ба ҳисоби шаҳру ноҳияҳо шарҳ надодаанд.
Тибқи омори имрӯза, дар кишвар 32 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19, аз ҷумла 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд», — омадааст дар иттилоия.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ