Ба аҳолӣ барои расондани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо шартҳои имтиёзнок замин ҷудо карда мешавад

Президенти Ӯзбекистон ба қарор (таҳти рақами ҚП-4700 аз 01.05.2020) «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагии дар давраи пандемияи коронавирус таъмин намудани бехавфии хӯрокворӣ, аз ресурсҳои мавҷуда оқилона фоида бурдан, аз ҷониби давлат дастгирии хоҷагии қишлоқ» қабул гардид. Дар ин бора канали «Ҳуқуқий ахборот» хабар дод. Бо қарор тартиби бо шартҳои имтиёзнок ба аҳолӣ дар расондани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ҷудо кардани замини аз истифода беруншуда ва захираи оби зеризаминиаш мавҷуда муайян гардид. Яке аз тартибҳо ба оилаҳои эҳтиёҷманд ва камтаъмин то 1 гектарӣ замин ба муддати 10 сол ба иҷора додан мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ