Се гузаргоҳи  сарҳадии мамлакат бо Тоҷикистон кушода шуд

Се гузаргоҳи  сарҳадии мамлакат бо Тоҷикистон кушода шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Аз 30-юми апрел ба ҳаракати нақлиёти боркаши Тоҷикистон тавассути қаламрави мамлакати мо ба дигар кишварҳо иҷозат дода шуд.
Дар ин бора Хизмати матбуотии Вазорати нақлиёти кишвар иттилоъ дода мегӯяд, ки тасмими мазкур аз ҷониби Комиссияи махсуси давлатӣ оид ба мубориза бо коронавирус пешниҳод карда шуд.
Ба ҳаракати нақлиётҳои боркаш ба қаламрави давлатҳои дигар танҳо ҳоло тавассути се гузаргоҳи сарҳадӣ — Саросиё, Ойбек ва Плотина иҷозат дода шудааст.
Гуфта мешавад,  ҳангоми убури сарҳад кормандони хадамоти боҷхона ба ронандагон масири ҳаракатро бо нишон додани ҷойҳое, ки таваққуф кардан ва харидорӣ кардан мумкин бошад, пешниҳод мекунанд.
Ҳамчунин ронандагони мошинҳои транзитӣ дар таваққуфгоҳҳои махсус аз санҷиши коронавирус гузаранида мешаванд.
Аз ронандагони транзитӣ инчунин талаб карда мешавад, ки замони ҳаракат дар кишвари мо пӯшоки муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо ва ниқобҳои тиббӣ пӯшанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ