Дар Русия 9 623 ҳолати нави гирифторшавӣ ба бемории COVID-19 ошкор шуд

Дар Русия 9 623 ҳолати нави гирифторшавӣ ба бемории COVID-19 ошкор шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Дар Русия тайи шабонарӯзи гузашта 9 ҳазору 623 ҳолати нави гирифторшавӣ ба бемории COVID-19 ошкор шудааст, ки аз он ба Маскав 5358 ҳолат рост меояд.
Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Русия теъдоди ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирусро тайи шабонарӯзи гузашта 9 ҳазору 623 адад арзёбӣ кардааст.
“Шумори нисбатан зиёди беморони нав ба Маскав — 5358, навоҳии назди Маскав  — 807 ва Санкт-Петербург – 323 ҳолат рост меояд», —  омадааст дар иттилоия.

Ситоди фаврӣ далели афзоиши гирифторони коронавирус дар пойтахтро ба зиёд шудани марокизи ташхиси COVID-19 рабт додааст.

Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, феълан ҳеч далели ба эътидол омадани вазъи марбути коронавирус дар кишвар рӯи даст нест ва қоидаҳои худмуҳофизатӣ набояд сарфи назар гарданд.

“Ҳеч асоси ҳокӣ аз эътидоли вазъи марбути коронавирус дар Русия ҷой надорад ва қоидаҳои амниятӣ набояд нодида гирифта шаванд”, — таъкид шудааст дар муроҷиатномаи Ситод.

Вазорати тандурустии Русия таъкид намудааст, ки коронавирус хеле зуд паҳн шуда истодааст ва эҳтимоли сироятшавӣ дар кишвар зиёд мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ