СММ барои мубориза ба коронавирус ба Тоҷикистон 600 ҳазор доллар ҷудо мекунад


Барномаи Рушди СММ барои мубориза ба коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 600 ҳазор доллар ҷудо мекунад,
омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.
«Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон тарафдори дастгирии ҳама гурӯҳҳои осебпазир ва некӯаҳволии онҳост ва инчунин ваъда медиҳад, ки дар ояндаи наздик барои вокуниши мустақим ба COVID-19, 600 ҳазор доллар ҷудо мекунад» гуфт намояндаи доимии БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Меҳта.
Гуфта мешавад, рӯзи шанбе як ҳайати коршиносони СУТ аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба Тоҷикистон омад ва 3,6 тонна доруҳо барои беморони ВИЧ ворид карда шуд.
«Бо дастгирии Барномаи Рушди СММ парвози махсус ташкил карда шуд ва маводи дорувории воридшуда ба табобати нафарони гирифтори ВИЧ лозим аст. Ин гурӯҳи одамон аз ҷумлаи табақаҳои осебпазири аҳолӣ барои COVID-19 мебошанд»,- иттилоъ медиҳад.
«Дар давраи муборизаи ҳамаҷониба бар зидди сирояти COVID-19, БРСММ дар Тоҷикистон тамоми чораҳои имконпазирро меандешад, то табобати баҳрабардорони лоиҳаро ҷиҳати пешгирии паҳншавии ВНМО идома диҳад, то ки ҳеҷ як аз аҳолии осебпазир сарфи назар нагардад», — омадааст дар хабар.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ