Сокинон ва соҳибкорони Самарқанд ба Сардоба ёрии башардӯстона мефиристанд

Ҳозир дар Марказ Ҳаракати умумхалқии “Саховат ва дастгирӣ”-и шаҳри Самарқанд корҳои ҷамъоварӣ ва дар асоси қоидаҳои гигиенӣ ба тартиб андохтани кӯмакҳои башардӯстонаи аҳолии шаҳр, ки ба ноҳияи Сардобаи вилояти Сирдарё оварда мешавад, идома дорад.
Инчунин, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “MEGA SEZON POYAFZAL”-и Самарқанд 3400 дона 5 намуди пойафзол, ҶММ-и «Жомбой яшил чироқлари» ба маблағи 50 миллион сӯм маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҶММ-и «SAM PARDA FEYZA ANTEP GILAM» 285 дона қолинҳои андозаҳои гуногун, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Sam Antep Carpets” 100 адад қолин ва 530 лавозимоти хоб, соҳибкори хусусӣ Дамир Қосимов ба маблағи 50 миллион сӯм либосворӣ ва аз ҷониби соҳибкорони дигару аҳолӣ маҳсулотҳои гуногун расонида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ