Вазъи саломатии нахуствазири Русия Мишустин чӣ хел аст?

Вазъи саломатии нахуствазири Русия Мишустин чӣ хел аст?

  • Post category:Ҷаҳон

Ҳанӯз рӯзи панҷшанбе нахуствазири Русия аснои ҷаласаи фосилавии ҳукумат бо Владимир Путин аз мубталошавии худ ба маризии коронавирус хабар дода буд.
Дар робита ба вазъи саломатии нахуствазири Русия сухангӯи ӯ Борис Беляков ба РИА Новости хабар додааст, ки Мишустин ҳамоно таҳти назорати табибон қарор дорад.

«Михаил Владимирович таҳти назорати пизишкон қарор дорад. Табобаташро ҳоло идома медиҳад. Бар замми ин пайваста бо ҳамкорони худ дар тамос аст ва ҳуҷҷатгузориро ҷиддан назорат мекунад», — изҳор намудаст Беляков.

Ёдовар мешавем, ки нахуствазири Русия шахсан ба раисҷумҳур Владимир Путин зимни ҷаласаи фосилавии ҳукумат аз маризии худ хабар дод.
Нахуствазири Русия таъкид дошт, ки сироятёфтанаш ба коронавирусро ташхисҳо тасдиқ намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ