Рӯзадорӣ барои нафароне, ки аз фишорбаландӣ азият мекашанд, фоида дорад

Рӯзадорӣ барои нафароне, ки аз фишорбаландӣ азият мекашанд, фоида дорад
  • Post category:Саломатӣ

Тавре тадқиқотҳо нишон медиҳанд, рӯза гирифтан дар моҳи шарифи рамазон на танҳо барои солимии рӯҳу ҷон, балки барои саломатии дил аз манфиат холӣ нест. Мувофиқи хулосаи муҳаққиқони Донишгоҳи миллии Тунис сатҳи холестерини муфид дар ҷисми нафароне, ки дар моҳи рамазон рӯза мегиранд, 20% афзун мегардад.

Тавре маълум аст, холестерини зарарнок дар девораи рагҳои хунгард таҳшин шуда, хатари сар задани бемориҳои дилу рагҳои хунгардро меафзояд. Истеъмоли равғанҳои серғизо сатҳи холестерини зарарнокро дар ҷисм зиёд мекунад.

Дар бораи фоида доштани рӯзадорӣ зиёд шунидаем, вале тақвияти ин гуфтаҳоро бо факту далелҳои табибон-диетологҳо пешниҳод месозем.

Инак, чанд фоидаи рӯзадорӣ ба узвҳои гуногуни инсон:

Мағзи сар

Ҳангоми рӯзадорӣ ҷисм тамоми захираҳои чарбиро нобуд месозад ва ин боиси кам шудани сатҳи холестерин дар хун мегардад ва дар натиҷа эҳтимолияти гирифторшавӣ ба бемории инсулт камтар мегардад.

Дил

10% миқдори хунеро, ки дил ба ҷисм равона месозад, ба узвҳои ҳозима ворид мегардад. Дар моҳи рамазон ин фоиз паст мешаваду дил бо шиддати камтар кор карда, аз ҳад зиёд фарсуда намешавад. Дар ҷисми шахси рӯзадор чарбҳои ҷамъшуда мунтазам нест шуда, ба сатҳи холестерини хун, ки дар рӯзҳои муқаррарӣ асосан дар девораи рагҳо таҳшин шуда, сабабгори сар задани бемории артериосклероз ва баланд шудани фишори хун мешаванд, таъсири босамар мерасонад.

Хун

Рӯзадорӣ миқдори обро дар хун кам намуда, сабабгори ғафсшавии он мешавад ва ин боиси дар рагҳо кам гаштани хун ва коркарди бештари ҳормони простогландин мегардад. Дар натиҷаи зиёд шудани ҳормони мазкур фаъолияти кори рагҳои хунгард беҳтар, рӯ ба беҳбудӣ овардани бемории захми меъда ва дарди таваллудкунӣ сабук мегардад.

Ҳолати пӯст

Ҳангоми рӯзадорӣ дар таркиби пӯст, амсоли таркиби хун миқдори об кам мешавад ва ин сабабгори табобати бемориҳои зиёди пӯст, баландшавии масунияти бадан, кам шудани бемориҳои пӯст, кам шудани бемориҳои аллергикӣ ва ҳатто пешгирӣ намудани бемориҳои саратонӣ мегардад.

Узвҳои ҳозима

Шарбати меъда ҳангоми рӯзадорӣ кам шуда, туршнокии меъдаро, ки нафарони зиёде аз он азият мекашанд, паст ва дар натиҷа хатари сар задани бемории захми меъдаро пешгирӣ менамояд.

Ғадуди зери меъда

Рӯза имкон медиҳад, ки ғадуди зери меъда дар ин моҳи муқаддас истироҳат намояд. Ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо мекунад, инсулин бошад,  моддаҳои хушк ва равғандорро ба қанд мубаддал мегардонад. Рафту миқдори инсулини ҷудошуда бо сабаби пурхӯрӣ дар ҷисм зиёдтар бошад, ба ҳолати ғадуди зери меъда таъсири манфӣ расонида, муҷиби хастагии инсон мегардад. Яъне, пурхӯрӣ сабаби халалдор гаштани фаъолияти ғадуди зери меъда ва ҷамъ шудани қанд дар хун ва дар натиҷа сар задани бемории диабети қанд мегардад.

Гурда

Кам шудани миқдори об дар ҷисм дар моҳи Рамазон ба кори гурдаҳо таъсири мусбӣ расонида, дар натиҷа фишори хун паст шуда, барои нафароне, ки аз фишорбаландӣ азият мекашанд, фоида дорад. Ҳамзамон дар моҳи рамазон миқдори намакҳои натрий, оксалат ва фосфат дар ҷисм кам мешавад, ки муҷиби пешгирӣ намудани пайдоиши санги гурда ва омосҳои хатарнок мегардад.

Ҳуҷайраҳо

Ҷисми инсон тавре сохта шудааст, ҳар лаҳза дар он беш аз 2,5 миллион ҳуҷайра нобуд ва аз нав тавлид мешаванд, ҷисми мо пайваста машғули азнавсозии ҳуҷайраҳо қарор дорад.

Чашм

Ҳангоми рӯзадорӣ аз ҷисми инсон миқдори об кам мешавад. Масалан, обравии чашм кам шуда, саломатии чашмро бардавом нигоҳ медорад. Ҳамзамон фишори дохилии себаки чашм паст шуда, ба ҳолати бемор ҳангоми бемориҳои хатарноки глаукома таъсири мусбӣ расонида, пайдоиши бемориҳои иловагиро дар дохили чашм кам месозад.

Буғумҳо

Ҳангоми рӯзадорӣ ҷисми инсон аз моддаҳои заҳрноке, ки сабабгори дарди буғумҳо мегарданд, тоза мешавад. Дар илми тиб ба ғайр аз рӯзадорӣ табобати дигари дарди буғумҳоро пайдо накардаанд. Ҳамзамон шахси рӯзадор аз хатари гирифторшавӣ ба бемории подагра, ки муҷиби таҳшин шудани миқдори зиёди кислотаи уриқ дар буғумҳо мегардад, эмин мемонад. Подагра бо сабаби истеъмоли аз ҳад зиёди гӯшт ва шири бесифат пайдо мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ