Ҳукумати Афғон 100 нафар аъзои «Толибон»- ро ба озодӣ баровард

Расмиёни Афғон аз ҳабсхонаи Кобул 100 нафар аъзои «Толибон»- ро озод карданд. Дар ин бора канали телевизионии «TOLOnews» хабар додааст. Бино ба маълумотҳои канал маҳбусҳои озодшуда дар ҳабсхонаи Pul-e-Charxi буданд. «Толибон» аз расмиёни мамлакат аз муассисаҳои ахлоқпоксозӣ озод кардани 5000 нафар маҳбусро талаб карда истодааст. Ба ҷойи маълумот: 29-уми феврал дар шаҳри Доха байни ИМА ва «Толибон» шартномаи тинҷӣ имзо гардида буд. Мувофиқи он ҳар ду ҷониб ба шартҳо риоя карданаш талаб карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ