Дар Афғонистон муддати карантин то охири моҳи Рамазон дароз карда шуд


Ҳукумати Афғонистон шоми дирӯз эълон кард, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ намудан аз густариши маризии кронавирус карантинро тамдид мекунад.
Бар хабари Садо ва Симои Эрон, мамнуъияти омадурафт  дар Кобул то поёни моҳи мубораки Рамазон тамдид мешавад.
Ин севумин бор аст, ки дар Афғонистон муддати замони қарантин тӯл дода мешавад. Зимнан, зикр мегардад, ки маҳдудиятҳои равуо дар шаҳри Кобул шиддат хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон имрӯз якшанбе эълом кард, шумори афроди олуда ба вируси корона дар ин кишвар ба ҳудуди  ду ҳазору 500 нафар расидааст.
Бар асоси гузоришҳо, шумори қурбониёни коронавирус дар Афғонистон ҳам ба 72 нафар афзоиш ёфтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ