Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 128 нафар расид


Бино ба иттилои расмӣ, ки шоми 3-юми май ба воситаи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эълон шуд, то ин дам дар ҷумҳурӣ 128 сокини кишвар ба бемории коронавирус сироят шуда 2 кас аз ин беморӣ вафот кардаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми апрел бори аввал аз сироят шудани 15 нафар сокинони кишвар ба коронавирус хабар дод. Ин рақам субҳи 2-юми май ба 32 кас, шоми 2-юми май ба 76 кас ва шоми 3-юми май ба 128 нафар расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ