Қазоқистон: дар як рӯз ду бемори коронавирус вафот карданд

Қазоқистон: дар як рӯз ду бемори коронавирус вафот карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Танҳо давоми як рӯз дар Қазоқистон ду маризи коронавирус ҷон аз даст доданд. Дар хабари Вазорати беҳдошти ин кишвар бо ду фавти ахир акнун теъдоди қурбониён ба 27 нафар баробар шуд.
Зимнан, манбаъ меафзояд, ки давоми як шабонарӯз дар ин кишвар 36 ҳолати нави сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардидаст. 
Ҷамъан дар ин кишвар 3913 нафар ба маризии кронавирус гирифтор шудаанд. 
Ҳоло дар Қазоқистон вазъияти фавқулода аст, ки он аз 16 март ҷорӣ шуда буд ва ахиран ин низом то 11 май тамдид карда шуд.
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар навбати худ ҳушдор дод, ки рӯзи 11 май вазъияти фавқулода танҳо дар сурате бардошта мешавад, агар гирифтории зиёд ба ин беморӣ қайд нагардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ