ВВФ аз рӯйи обхезии Сирдарё маълумоти охирро тақдим намуд

ВВФ аз рӯйи обхезии Сирдарё маълумоти охирро тақдим намуд

  • Post category:Ҷаҳон

Хабар доред, ки рӯзи 1-уми май аз обанбори «Сардоба»-и Сирдарё об баромада буд. Дар натиҷа, ҳудуди калон аз обхезӣ зарар дид. Аз ин рӯ, аҳолиеро, ки дар ин минтақаъ зиндагӣ мекунад, ба зудӣ эвакуатсия карданд. Баъд бо ёрии чорхболҳо одамони дар он ҷойҳо мондаро халос намуданд. Баъди ҳамин, комиссияи ҳукумат таъсис ёфт. Президент Шавкат Мирзиёев ба ҷойи воқеа ташриф оварда, оиди бартарафсозии офат нишондодҳои зарурӣ дод. Айни замон корҳои кашидани оби аз дамба беруншуда ва дигари техникӣ бурда мешавад. Вазорати вазъиятҳои фавқулодда маълум месозад, ки дар ҷойи офатсарзада беш аз 1200 техникаи махсуси муҳандисӣ сафарбар шудааст. Ба ғайр аз ин, бо ёрии зиёда аз 80 адад мошини сӯхторхомӯшкунӣ ва беш аз 100 адад мотопомпа об кашида шуд. «Дар қисми зиёди ҳудуди обзершуда об кам шуд» гуфта мешавад дар маълумоти хизмати матбуоти вазорат тақдимнамуда. Таъкид мегардад, ки дар ҷойҳое, ки бехавф ҳисобида мешаванд, баргаштани шаҳрвандон оғоз гаштааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ