Ҷамоаи «Ӯзбекнефтгаз» ба Сирдарё «карвони саховат»- и иборат аз 30 адад мошини боркашро фиристод

Дирӯз бо ташаббуси раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекнефтгаз» ба аҳолии ноҳияи Сардоба қариб 300 тонна маҳсулот (хӯрокворӣ, либосворӣ, воситаҳои гигиенаи шахсӣ ва ғайра) — и ба 28 адад мошини боркаш боркардашуда расонда шуд. Бино ба маълумотҳо ҷамъият ба аҳолии Сирдарё ба миқдори 1, 9 миллиард сӯм ёрии хайриявӣ ҷудо кардааст. Маҳсулоти фиристондашударо штаби махсуси дар шаҳри Гулистон таъсисёфта қабул кард. Ба ғайр аз ин, ҷамъият барои барқароркунии обанбори «Сардоба» 50 тонна сӯзишвории дизелӣ расондааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ