Тоҷикистон: шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус ба 230 нафар расид

Тоҷикистон: шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус ба 230 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон


Имрӯз шумораи шахсони гирифтор ба коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 102 нафар зиёд шуда, ба 230 нафар расид. Ҳамчунин 3 ҳолати фавт аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар ин мамлакат ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 4 май дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳамагӣ 3208 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.
«То соати 16:30 дақиқаи 4 май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардид. Ҳамзамон, то имрӯз 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шуд», — омадааст дар иттилоияи вазорат.
Тибқи маълумоти нави Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ҳамагӣ дар ҷаҳон 3 миллиону 585 ҳазору 108 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 248 ҳазору 655 нафар вафот карда, 1 миллиону 161 ҳазору 994 кас шифо ёфтаанд ва 50 ҳазору 2 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ