Дар Эрон то имрӯз 6 203 нафар аз коронавирус вафот карданд

Дар Эрон то имрӯз 6 203 нафар аз коронавирус вафот карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълон кард, то кунун, 78 422 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати ахир дар кишвар 976 бемори нав, ки гирифтори коронавирус шудаанд ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Вай ҳамчунин афзуд, ки то кунун, дар кишвар 97 424 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷаҳонпур бо таасуф таъкид кард, ки дар 24 соати ахир дар Эрон 47 нафар ба сабаби коронавирус ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳамзамон Ҷаҳонпур афзуд, ки мавориди фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон ба 6 ҳазору 203 нафар расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ