COVID-19: дирӯз дар Хитой ҳамагӣ як ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд

COVID-19: дирӯз дар Хитой ҳамагӣ як ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 3 миллиону 646 ҳазору 201 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 200 ҳазору 170 кас шифо ёфтаанд ва 252 ҳазору 407 тан фавтидаанд. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 212 ҳазору 900 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 69 ҳазору 921 нафар ва шумораи шифоёфтагон 188 ҳазору 27 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 248 ҳазору 301 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 1 179 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 25 ҳазору 428 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 151 ҳазору 633 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 211 ҳазору 938 нафар ва теъдоди фавтидагону шифоёфтагон мутаносибан 29 ҳазору 79 нафар ва 82 ҳазору 879 кас мебошад.
Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 190 ҳазору 584 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 28 ҳазору 734 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Франсия 169 ҳазору 462 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 25 201 ҳолати фавт ва 51 371 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Германия теъдоди мубталоён 166 ҳазору 152 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 6 993 ва теъдоди шифоёфтагон 132 700 нафар мебошад.
Дар Россия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар ҷойи 7-ум қарор дорад, дирӯз 10 581 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 145 268 кас расид. Аз ин шумора 18 095 нафар табобат шуда, 1 356 кас фавтидаанд.
Дар Туркия теъдоди гирифторони коронавирус ба 127 ҳазору 659 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 3 461 ва 68 186 нафар мебошад.
Дар Бразилия, ки баъд аз Чин Эронро низ пас гузошт ва аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷаҳон ба ҷойи 9-ум баромад, 108 620 ҳолат тасдиқ шуда, аз онҳо 7 367 нафар фавтидаанд ва 45 815 кас сиҳат шудаанд.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 98 ҳазору 647 нафарро ташкил дода, аз онҳо 6 ҳазору 277 нафар вафот кардаанд ва 79 ҳазору 379 кас сиҳат шудаанд.
Дар Чин, ки бемории мазкур бори аввал дар он хуруҷ карда буд, давоми рӯз ҳамагӣ 1 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии онҳо ба 82 ҳазору 881 нафар расид, ки аз миёни онҳо 4 633 нафар вафот намудаанд ва 77 853 тан шифо ёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ