Дар Беларус адади гирифторони коронавирус ба 17 489 расид

Дар Беларус адади гирифторони коронавирус ба 17 489 расид

  • Post category:Ҷаҳон


Дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Беларус – 17 489 ҳолат, Украина – 12 331, Молдова – 4 248, Қазоқистон – 4 121, Арманистон – 2 507, Озарбойҷон – 1 984, Қирғизистон — 843 ва Тоҷикистон – 230 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардидааст.
То имрӯз дар Беларус 3 259 нафар, Украина — 1 619, Озарбойҷон — 1 480, Молдова – 1 423, Қазоқистон – 1 173, Арманистон – 1 071 ва Қирғизистон – 600 нафар шифо ёфтаанд.
Илова бар ин, дар Украина 303 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Молдова – 132, Беларус – 103, Арманистон – 39, Қазоқистон – 29, Озарбойҷон – 26, Қирғизистон — 11, Ӯзбекистон — 10 ва Тоҷикистон — 3 нафар фавтидаанд.
Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистон шумораи мубталоён ба коронавирус 2 894 нафар буда, 397 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 90 тани дигар вафот кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ