Коронавирус: байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар куҷо ба қайд гирифта шуд

Коронавирус: байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар куҷо ба қайд гирифта шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Дар байни давлатҳои арабӣ теъдоди зиёди мубталоён дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шуда, 28 656 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо 191 ҳолати фавт ва 4 476 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Қатар 16 191 нафар мубталои коронавирус шуда, аз онҳо 12 кас вафот кардаанд ва 1 810 нафар табобат шудаанд.
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) 14 730 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, дар он шумораи фавт ва шифоёбӣ нисбат ба Қатар бештар аст — 137 ва 2 966 ҳолат.
Дар муқоиса бо дигар давлатҳои арабӣ сатҳи фавт дар Миср баландтар аст — 436 нафар. Шумораи сироятёфтагон 6 813 нафар ва шифоёфтагон 1 632 касро ташкил медиҳад.
Теъдоди мубталоён дар Ироқ 2 346 нафар буда, шумораи фавтидагон 98 нафар ва табобатшудагон 1 544 кас мебошад.
Дар Баҳрайн низ фавти кам, яъне 8 ҳолат мушоҳида шуда, шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 3 533 нафарро ташкил медиҳад. Дар он 1 744 кас шифо ёфтаанд.
Дар Кувайт 40 ҳолати фавт сабт гардида, 5 278 нафар сироят ёфтаанд ва 1 947 кас табобат шудаанд.
Шумораи мубталоён дар Сурия 44 нафар буда, 3 ҳолати фавт ва 27 мавриди шифоёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ