Дар Тоҷикистон хонандагон ва омӯзгоронимактабҳо то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд

Дар Тоҷикистон хонандагон ва омӯзгоронимактабҳо то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд
  • Post category:Ҷаҳон


Бино ба хуруҷи бемории сироятии каронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд. Дар ин бора дар қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 дар Тоҷикистон оварда шудааст.
Дар ин санад аз ҷумла гуфта мешавад, ки»Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз рӯзи 17-уми августи соли 2020 оғоз карда шавад».
Мувофиқи қарор баҳои чоряки чорум аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст карда мешавад.
Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин кишвар дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 гузаронида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ