Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд таъсис дода мешавад

Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд таъсис дода мешавад


Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд таъсис дода мешавад. Дар ин бора, хизмати матбуоти вазорати нақлиёт хабар дод.
Мувофиқи маълумот, бо мақсади тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи нақлиёт, ин система дар заминаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва стандартҳои байналхалқӣ ба куллӣ такмил дода шуда, усулҳои инноватсионии таълим ва технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим васеъ татбиқ карда шуда, минбаъд баланд бардоштани салоҳияти илмии соҳа қарори Президенти кишвар «Дар бораи чораҳову тадбирҳои такмил додани сохтори тайёрнамоии кадрҳо дар соҳаи нақлиёт» қабул карда шуд.
Мувофиқи қарор, Донишкадаи муҳандисии роҳи оҳани Тошканд, Донишкадаи тарроҳӣ ва истифодаи роҳҳои автомобилгарди Тошканд ва факултети технологияи аэрокосмосии Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд барои ташкили Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд муттаҳид карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ