Ҳудудҳое, ки дар он маҳдудиятҳои карантинӣ нигоҳ дошта мешаванд, муайян карда шуд

Ҳудудҳое, ки дар он маҳдудиятҳои карантинӣ нигоҳ дошта мешаванд, муайян карда шуд


Дар доираи сабукгардонии чораҳои карантинӣ ба мағозаҳои озуқаворӣ, ташхиси тиббӣ, хизмати таксӣ, таъмир, дӯзандагӣ, техникаи маишӣ ва таъмири пойафзол, сартарошхонаҳо иҷозат дода мешаванд. Маҳдудиятҳо дар театр, консерт ва толорҳои варзишӣ, тӯйҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар санаи 5-уми май оид ба чораҳои минбаъд сабук кардани ҳолати карантинӣ ва дубора ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодӣ видеоселектор гузаронид.
Дар он соҳаҳое, ки чораҳои карантинӣ нигоҳ дошта мешаванд, эълон карда шуд.
«Бо беҳтар шудани вазъияти эпидемиологӣ, мо бекор кардани маҳдудиятҳоро идома хоҳем дод. Баръакс, агар вазъият бадтар шавад, мо чораҳои карантинро дубора оғоз хоҳем кард », — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Чӣ хеле, ки хабар дода шуд стикерҳо бекор карда шуда, ба ҳаракати (нақлиётҳо) мошинҳои хусусӣ рухсат дода шуд.
Бояд қайд кард, ки шароити карантин бинобар вазъи мусбии эпидемиологӣ дар кишвар аз 22 -юми апрел сар карда, оҳиста-оҳиста сабук карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ