Дар Самарқанд қоидаҳои карантинӣ риоя карда мешаванд


Парерӯз дар ҷамъомади видеоӣ, ки бо сарварии Президент баргузор гардид, гуфта шуд, ки қоидаҳои карантинӣ бинобар вазъяти эпидемиологӣ дар кишвар оҳиста -оҳиста сабук карда мешавад.
Дар айни замон, бо назардошти он, ки вилояти Самарқанд аз ҷиҳати эпидемиологӣ ба ҳудуди «сурх» (хатари баланд) дохил мешавад, қоидаҳои карантинӣ сабук карда намешванд.
Дар ин бора, дар ҷамъомади комиссияи вилоятӣ хабар дода шуд.
Аз шаҳрвандон талаб карда мешавад, ки қоидаҳои карантинро қатъиян риоя кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ