Дар Русия адади гирифторони коронавирус аз 150 ҳазор гузашт

Дар Русия адади гирифторони коронавирус аз 150 ҳазор гузашт
  • Post category:Ҷаҳон

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Русия 10 102 мавриди нави гиифторӣ ба коронавирус сабт шуда, 95 кас ба ҳалокат расидааст.
Аз оғози пандемия дар ин кишвар шумори беморони ошкоршуда ба 155 370 нафар расид ва аз онҳо 1451 нафар фавтидаанд.
Бино бар гузориши «Роспотребнадзор» дар шабонарӯзи ахир дар Русия 157 ҳазор озмоиши намунаҳо ҷараён гирифтааст
Дар Русия то 11-уми май чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ шудаанд, Дар бисёре аз минтақаҳои он аҳолӣ дар ҳолати хонашинӣ ба сар мебарад, муассисаҳои ҷамъиятӣ кор намекунанд, мактабҳо таътиланд, чорабиниҳои оммавӣ манъ шудаанд. Дар Маскав ва вилояти он ҳаракати нақлиёт танҳо бо гузарномаҳо имконпазир аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ