Дар Ангрен аз ҳавлии шаҳрванд устухонҳои 2300-солаи одам ёфт шуд

Дар Ангрен аз ҳавлии шаҳрванд устухонҳои 2300-солаи одам ёфт шуд

Рӯзи 23-юми апрели соли ҷорӣ вақти кофтани чоҳ дар хонадони шаҳрванди маҳаллаи Боғи сурхи шаҳри Ангрен Ғ. Норматов қабр баромадааст. Дар ин бора Вазорати маданият хабар дод. Рӯзи 30-юми апрел шаҳрванд Норматов дар ин бора ба музейи таърихии шаҳри Ангрен хабар додааст. Ходимони ин музей дар ҳавлии Норматов рафта, корҳои кофтуковӣ бурданд. Бино ба корҳои тадқиқотӣ қабри мазкур ба маданияти «Қовунчи» мансуб будааст. Қайд шудааст, ки устухонҳои ёфтшуда боқимондаҳои устухонҳои 2300-солаи одам аст. Аз ҳавлӣ боз боқимондаҳои устухонҳои одамон ва кӯзаҳои гуногунҳаҷм ёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ