64 намуди ашёи хом ва материалҳои барои саноат муҳим, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шуданд

64 намуди ашёи хом ва материалҳои барои саноат муҳим, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шуданд

Дар мамлакат ба дастгирии корхонаҳо ва таъмини фаъолияти мӯътадили онҳо эътибори алоҳида зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад сарвари давлат ба Фармон «Дар бораи чораҳои таъҷилӣ оид ба дастгирии саноати бофандагӣ ва дӯзандагиву трикотажӣ» имзо кард.

Тибқи фармон:

– бо мақсади дастгирии минбаъдаи корхонаҳои бофандагӣ ва кластерҳо, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот гузариш ба нархҳои байналмилалии биржа татбиқ карда мешавад, ки арзиши аслии ашёи хомро 10 фоиз кам мекунад;

– мӯҳлати пардохти ниҳоии нахи пахта, ки дар бозори дохилӣ фурӯхта мешавад, аз 1 апрел аз 90 то 150 рӯз дароз карда мешавад;

– андози арзиши иловагӣ ҳамин ки молҳои аз ҷониби корхонаҳои бофандагӣ содиркардашаванда мамлакатро тарк намоянд, пурра баргардонида мешавад;

– 64 намуди ашёи хом ва материалҳои барои саноат муҳим, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.

Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки содироти маҳсулоти тайёр якбора афзоиш ёфта, миқдори зиёди  кластерҳои ҳозиразамони бофандагӣ ва дӯзандагии шумораи кормандонашон на кам аз 1 ҳазор нафар, ки таҳти бренди байналмилалӣ фаъолият хоҳанд кард, созмон дода шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ