Дар Корея таъқиқ барои гузаронидани тадбирҳои оммавӣ бекор гардид

Дар Корея таъқиқ барои гузаронидани тадбирҳои оммавӣ бекор гардид
  • Post category:Ҷаҳон

Дар Кореяи Ҷанубӣ режими ҳифзи масофаи иҷтимоии аз охири моҳи феврал дарамалбуда, аз имрӯз, 6-уми май сар карда, ба режими нармтар дигаргун карда шуд. Дар ин бора ҳукумати ҷумҳурият маълум кард. Штаби марказӣ аз рӯйи мубориза зидди офатҳои табиӣ, вазъиятҳои фавқулодда ва фалокатҳо таъкид менамояд, ки қарор оиди нармкунии режим дар мамлакат қабул гардид. Ба ин муносибат, аз 6-уми май сар карда, зина ба зина гирифта партофтани таъқиқи гузаронидани тадбирҳои оммавӣ ба нақша дароварда мешавад. Агар ташкилотчиёни тадбирҳои оммавӣ бехавфии эпидемиологиро таъмин намоянд, ба чунин ҷамъомадҳо иҷозат дода мешавад. Дар ин мамлакат 10806 ҳолати сирояти коронавирус қайд шудааст. 9333 нафар шифо ёфтанд. 255 нафар аз вирус вафот кард. Имрӯзҳо 1218 нафар бемор ҳастанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ