Вазири фарҳанги Русия гирифтори коронавирус шуд

Вазири фарҳанги Русия гирифтори коронавирус шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Вазири фарҳанги Русия Олга Любимова гирифтори коронавирус шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ӯ бемории вазир ҳоло сабук буда, ҳоло барои ба беморхрна бурдан сухан намеравад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир Олга Любимова корҳои идорияшро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳад.
«Натиҷаҳои санҷиши COVID-19-и ӯ мусбат баромад. Вазир дар хона аст, маҷлисҳои корро тавассути видеоконфронс баргузор мекунад, дар маҷлисҳо ва гуфтушунидҳо дар формати онлайн ширкат мекунад. Беморияш сабук аст» — гуфт намояндаи Любимова.
Гуфта мешавад, ҳоло вазир зери назорати табибон қарор дорад.
Ёдовар мешавем, қаблан Нахуствазири Русия Михаил Мишустин эълон кард, ки гирифтори Ковид-19 шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ