Амрико тайи 20 соли охир барои бахши тандурустии Тоҷикистон 125 миллион доллар кӯмак кардааст

Амрико тайи 20 соли охир барои бахши тандурустии Тоҷикистон 125 миллион доллар кӯмак кардааст

  • Post category:Ҷаҳон

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки ба Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус 1 миллиону 690 ҳазор доллари дигар кумак мекунад.
Сафорати Амрико дар Душанбе 6-уми май дар баёнияе гуфт, ин ёриҳо ба воситаи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) ба дасти Тоҷикистон мерасад.
Пештар Иёлоти Муттаҳида барои пешгирӣ аз бемории COVID-19 ба Душанбе 866 ҳазор доллар кумак карда буд. Сафорати Амрико мегӯяд, ёриҳои нав дастрасии кормандони соҳаи тибби Тоҷикистонро «ба таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ, омӯзиш ва баланд бардоштани зарфиятҳои ташхисӣ барои мубориза бо COVID-19» фароҳам меорад.
Оҷонсии USAID Central Asia низ ба Тоҷикистон барои мубориза бо буҳрони коронавирус аз ин пештар як миллион доллар кӯмак кард.
Дар маҷмӯъ, ҳукумати Амрико тайи 20 соли охир барои бахши тандурустии Тоҷикистон 125 миллион доллар кумак кардааст. «Иёлоти Муттаҳида дар ин ҳолати бӯҳронӣ дар паҳлуи Тоҷикистон аст», — гуфтааст сафорати Амрико дар баёнияи худ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ