ДАР НЮ-ЙОРК МЕТРО ДАР ТАЪРИХ БОРИ АВВАЛ БАСТА ШУД

ДАР НЮ-ЙОРК МЕТРО ДАР ТАЪРИХ БОРИ АВВАЛ БАСТА ШУД

  • Post category:Ҷаҳон

Бори аввал дар таърих метрои Ню-Йорк барои безараргардонӣ чанд соат баста шуд. Тибқи гузоришҳо, қаторҳо аз соати 00.00 то 05:00 саҳар боздошта шуда буданд. Он замон сокинони метро аз хадамоти махсуси автобус истифода бурданд, ки асосан хатсайрҳоро ба марказҳои тиббӣ мепайвандад.
Метро дар Ню Йорк соли 1904 кушода шуда, дар як рӯз 5,6 миллион одамро ба манзил мебарад. Дар давраи пандемияи Коронавирус гардиши мусофирон 90 дарсад коҳиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти охирин, дар Иёлоти Муттаҳида Амрико зиёда аз 1,2 миллион сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, беш аз 71000 нафар ҷон додаанд. Пештар хабар дода будем, ки дар Ню-Йорк ба 15 кӯдак ташхиси бемории коронавирус гузошта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ