Нашрияҳои чопӣ аз нав сабти ном карда мешаванд ва аз ҷониби муассис дастгирӣ карда мешаванд

Нашрияҳои чопӣ аз нав сабти ном карда мешаванд ва аз ҷониби муассис дастгирӣ карда мешаванд


Минбаъд чораҳои иловагӣ оид ба дастгирӣ ва рушди минбаъдаи фаъолияти матбуоти даврии аз ҷониби муасссиси давлатӣ ва ҳукумати маҳаллӣ муқарраршуда пешбинӣ мешавад. Дар ин бора, лоиҳаи қарори Девони Вазирон барои муҳокима эълон карда шудааст.
Аз рӯи лоиҳа, воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла, нашрияҳои даврӣ, ки таҳти муассисии органҳои идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудаанд

Аз 1-уми июли соли 2020 бидуни пардохти боҷи давлатӣ ба сифати воситаи ахбори оммавӣ ба қайд гирифта мешавад ва аз нав ба рӯихат дароварда мешавад.
Ҳокимияти давлатӣ ва органҳои идоракунӣ вазифадор карда мешаванд, ки заминаи моддию техникии таҳририяти нашрияҳои давриро таҳти сарпарастии худ мустаҳкам намоянд ва вазифаҳои муҳимро вобаста ба музди меҳнати кормандони редакция иҷро кунанд:

  • таҳририятҳои нашрияҳои даврӣ, ки биноҳои худро надоранд аз 1-уми ноябри соли 2020, ба мӯҳлати се сол, бидуни иҷора дар биноҳои муассис ва ё дар асоси шартнома ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали иҷораи амволи ғайриманқули давлатӣ ҷойгир карда мешаванд;
  • бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии таҳририяҳои нашрияҳои чопии даврӣ, ҳиссаи фоидаи софи таҳририятро, ки дар охири соли молиявӣ ба муассис тааллуқ дорад, ба ҳисоби идораи редакция гузаронидан ва истифодаи мақсадноки онҳоро назорат кардан;
  • тасдиқи шумораи кормандони нашрияҳои даврии ба қайд гирифташуда дар ҷадвали штат ва андозаи музди меҳнати онҳо ва ҷудо кардани маблағи кофӣ аз хазинаи ғайрибуҷетии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ барои пӯшонидани хароҷоти вобаста ба ин кор;
  • то 1-уми сентябри соли 2020 таҳия ва ба кор даровардани версияҳои электронии нашрияҳои чопии даврӣ таҳти муассисии худбуда;
  • андешидани чораҳо оид ба беҳтар намудани вазъияти молиявии рӯзноманигорони эҳтиёҷманд ва фаъол.
    -аз 1-уми январи соли 2021 сармуҳаррирони нашрияҳои чопии даврӣ, ки дар муассисии органҳои идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ буда, асосан аз байни шахсоне ки соҳиби маълумоти олии журналистика ҳастанд таъин карда мешаванд;
    Ба вазифа таъин ва озод намудани сармуҳаррири нашрияҳои чопии даврӣ, ки дар муассисии органҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шаҳр ҳастанд, хулосаи органҳои идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ ба назар гирифта мешавад.
    Муҳокимаи лоиҳаи мазкур то 21 -уми майи соли равон идома хоҳад ёфт.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ