7-уми май рӯзи радио

7-уми май рӯзи радио

Ҳар сол дар ҷаҳон 7-уми май ҳамчун рӯзи радио ба қайд гирифта мешавад. Мавҷҳоеро, ки бо он гуфтугӯ карда мешавад, бо ёрии радио мавҷҳои электромагнитӣ меноманд. Мавҷҳое, ки барои паҳн шудани худ ба ягон модда эҳтиёҷ надоранд, мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд.
Ин мавҷҳо бори аввал аз тарафи физики немис, Ҳенрих Ҳертс кашф карда шуд. Ҳертс барои кашфи ин мавҷҳо дастгоҳе сохт, ки он вибратори Ҳертс номида шудааст. Ҳенрих Ҳертс соли 1886 аввалин шуда дар таҷриба мавҷҳои электромагнитиро ҳосил кардааст. Мавҷҳои электромагнитиро тадқиқ карда, Ҳертс монандии хосиятҳои асосии мавҷҳои электромагнитӣ ва рӯшноиро муайян кард. Корҳои Ҳертс исботи таҷрибавии дуруст будани назарияи майдони электромагнитӣ, аз он ҷумла назарияи электромагнитии рӯшноӣ мебошад. Дар соли 1886 Ҳенрих Ҳертс бори аввал ҳодисаи фотоэффектро мушоҳида кардааст. Таҷрибаҳои Ҳертс оид ба қабул ва афканишоти мавҷҳои электромагнитӣ диққати физикони ҷаҳонро ба худ ҷалб намуд. Дар Русия бошад, ба омӯзиши ин мавҷҳо муаллими курсҳои минаомӯзии Кронштадт Александр Степанович Попов машғул шуд. Ӯ корро аз такрори таҷрибаҳои Ҳертс оғоз намуда, усули хеле ҳассосу боэътимоди қабулкунии мавҷҳои электромагнитиро пешниҳод намуд ва онро барои радиоалоқа истифода бурд. Моҳи апрели соли 1895 А.С. Попов аввалин бор дар ҷаҳон дастгоҳро барои радиоалоқа ба вуҷуд овард. А.С. Попов 7-уми майи соли 1895 дар ҷамъомади умумии физикону химикони рус баромад намуда, асбоби сохтаи худро намоиш дод, ки ин аввалин радио буд. Аз он вақт то имрӯз 7-уми май чун рӯзи радио қайд карда мешавад. Попов бо ёрии мавҷҳои электромагнитӣ бесим алоқаро барқарор намуд ва дар ҷаҳон аввалин радиопрёмникро сохт. Бо ёрии дастгоҳи таҷрибавии Попов радиоалоқа аввалин бор аз кишитиҳо оғоз шуд, ки дар натиҷа инъикосшавии радиомавҷҳо ошкор карда шуд ва аз ғарқшудагони киштии халиҷи Фин бо ёрии ин дастгоҳ хабардор шуда, аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Баъд Ҳукумати подшоҳии Русия дастгоҳи зарурӣ будани радиоро фаҳмида, ба тараққиёти он диққат дод. имрӯз мо ҳаёти худро бе радио, ТВ ва дастгоҳҳои дигари мавҷқабулкунанда ва мавҷфиристанда тасаввур карда наметавонем. Аммо дар бораи шахсе, ки бори аввал радиоро ба мо туҳфа кардааст, маълумоти чандон комиле надорем. Ихтироъкори радио А.С. Попов 16-уми марти соли 1859 дар Урал- шаҳри ҳозираи Краснотуринск таваллуд шуда, дар мактаби динии Перм таҳсили илм намудааст. Ӯ дар вақти дар ин мактаб хонданаш бо касбҳои техникӣ шавқу завқи калон пайдо намуд ва бештар ба сохтани бозичаҳо, асбобҳои оддии техникӣ машғул мешавад. Пас аз хатми мактаби миёна ба шуъбаи физикаи математикаи Университети Петербург дохил мешавад. диққати ӯро ҳангоми донишҷӯӣ бештар проблемаҳои физикаи навтарин ва техника ба худ ҷалб мекард. Попов соли 1882 университетро бо муваффақият хатм намуда, барои кор кардан ба Институти электротехникии Петербург меояд. Попов таҷрибаҳои гуногун мегузаронид. Дар лабараторияи Институт то бевақтиҳои шаб кор мекард. Шахси хоксору меҳрубон ва хушмуомила буд. Агар кори ҳамкорон барор нагирад, ба онҳо ёрии худро дареғ намедошт. Аксари корҳои илмии Попов соҳаи радиоалоқаро дарбар мегирифт. Баъди ду соли баромади Попов дар ҷамъияти умумии физикону химикони рус соли 1897 хабари бо радиосигналҳо кор кардани олими итолёвӣ- Марконӣ паҳн шуд. Баъзе олимони мамлакатҳо изҳори ақида мекарданд, ки гӯё аввалин бор радиоро Г. Марконӣ ихтироъ карда бошад. Ҳол он ки кашфиёти Марконӣ пас аз ду соли радиоро ихтроъ кардани А. С. Попов ба миён омад. Соли 1906 А.С. Попов чашм аз олам мепӯшад. Ҷамъияти физикону химикони рус доир ба корҳои радиоалоқа, ихтироъи радио, пешравиҳо дар радиоалоқа номи Поповро бо хатти заррин навишта, бо роҳбарии профессор О.Д.Хволсон комиссияи махсус доир ба корҳои радиоалоқа ташкил намуд. Ҳайати комиссия таърихи ихтироъи радиоро ба гиромидошти хотири А.С.Попов 7-уми майи соли 1895-рӯзи баромади вай дар ҷамъияти физикону химикони рус ҳисоб кард ва он ҳар сол дар ҷаҳон ҳамчун рӯзи радио ҷашн гирифта мешавад. Мо бояд аз хотир набарорем, ки ҳамаи пешравиҳои имрӯзаи техника ба корҳои ин ихтироъкори бузург-Александр Попов вобастагӣ дорад.
Ҷамолиддин ҶАЛОЛОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ