Маблағ ва маҳсулоти ҷамъкардаи санъаткорон ба Сирдарё раcонда шуд

Маблағ ва маҳсулоти ҷамъкардаи санъаткорон ба Сирдарё раcонда шуд

Дар натиҷаи садамаи дар обанбори «Сардоба» баамаломада ҳазорҳо ҳавливу ҷойи аҳолӣ, киштзорҳо, объектҳои гуногун зарар дид. Дар чунин рӯзҳо мардум фазилатҳои накӯӣ, саховат, мурувват ва ҳамҷиҳатӣ намоён мекунад. Меҳру оқибат мустаҳкам мегардад. Имрӯзҳо идора, корхона, ташкилотҳои гуногун ба Сирдарё зери шиори «Мо бо шумоем!» корвонҳои саховат мефиристонад. Аз ҷониби Вазорати маданияти Ӯзбекистон зери шиори «Саховат ва кӯмак» аксия эълон гардид. Дар он ҷамоаи вазорат, хонандаҳои эстрадӣ, ҳунарпешаҳои театр ва вакилони соҳа иштирок намуданд. Ба Сирдарё маҳсулоти хӯрокворӣ, либосворӣ, воситаҳои техникаҳои маишӣ, ашёи рӯзгори дар 29 мошини боркаш боршуда расонда шуд. Инчунин, ҳаққи музди кори якрӯзаи 38370 нафар ходими соҳа барои таъмин ва барқарорсозии «Сардоба» гузаронида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ