Мукофоти замин

Одаме, ки фарзанди деҳқони асил асту бо нони деҳқонӣ калон шудааст, ягон ваҷаб заминро бекор намемонад. Вай бо гузашти солҳо нафаскашии заминро ҳис мекунад, талабу дархости онро медонад ва ба дили замин роҳ ёфтанро меомӯзад. Меҳнати ин гуна одам ҳаргиз зоеъ намеравад ва замин ҳам ба ивази заҳматҳои ӯ подоши сазовор ҳадя мекунад.
Сокини 52-солаи Ҷарқишлоқи ноҳияи Самарқанд Ҷалол Ҳотамов аз зумраи ҳамин гуна деҳқонзодагоне аст, ки ҳар сол сазовори мукофоти замини наздиҳавлигиаш мешавад. Вай бисёр не, ҳамагӣ 4 хол замин дорад. Вале қариб дар тамоми фаслҳои сол аз ҳар як ваҷаби он самаранок истифода мебарад.
Кадом сол дар як ҷӯя барои хӯрдан помидор корид. Вале ниҳолҳои помидори шинондааш хушк шуданд. Дубораву себора боз парвардаҳои помидор шинонд. Азбаскӣ ба замин поруи тари бисёре андохта буд, ин дафъа ҳам ниҳолҳо пажмурда гаштанд. Ба вайрон кардан дилаш нашуда, ноилоҷ ба ҳамон ҷӯя дар қатори якчанд бех помидор лӯбиёву нахӯд корид. Байни онҳо ҷуворимакка ҳам буд. Хулоса, чораҳои зиёде андешид, ки умри замин беҳуда нагузарад. Ҳоло дигар он хел пору намеандозад.
Баъзе одамон мехоҳанд, ки масоҳати замини наздиҳавлигиашон васеътар бошад. Бо ин мақсад бо мардум нағзу бад шуда, аз ҳисоби роҳ, ҷӯй ё ҳамсоя як метр-­ним метр ҷойро ба замини худ ҳамроҳ менамоянд. Гумон мекунед, ки деҳқони зӯру аз хок зар мерӯёнад. Вале ба ҳавлиаш дароед ва ё чашматон афтад, чандин метри замин хор гаштанашро мебинед.
Мо дар қитъаи замини Ҷалол Ҳотамов бо чашмони худ дидем, ки ҳатто ягон сантиметр замини ҷафси симтӯрҳо бекор нахобидааст. Дар он ҷойҳо низ тухми гулҳо коштааст ва гулҳо нашъунамо доранд.
Ҷалол Ҳотамов пештар асосан парвардаҳои сабзавот парвариш мекард. Вай асрори ин корро аз падару модараш омӯхта буд. Баъд ба гулкорӣ низ машғул гардид. Вай корида, тайёр намояд, ҳамсараш Маҳбуба Самарова ба бозор бароварда мефурӯхт. Бо ҳамин роҳ онҳо соҳиби як ҳавлии чор кас медидагӣ шуданд. Ду духтарро ба шавҳар бароварда, ба писарашон келин оварданд. Мошиндор шуданд.
Вай дар ҳамин замини худ, ки бараш тахминан якуним –думетриву дарозиаш 40-50-метрӣ аст, палҳои дарозрӯя мекашад. Байни онҳо одам базӯр мегардад. Дар вақтҳои зарурӣ болои онҳоро плёнкапӯш мекунад. Ба ҳар як пал 4-5 хели кабудӣ ё тухмиҳои гулу сабзавот мечошад. Ҳамаи онҳо як хел сабзида мебароянд. Баъде, ки фурӯхта пал холӣ шуд, зуд шикаста, зироати дигар мекорад. Вай бештар аз сӣ сол боз аз ин замин ҳосили дилхоҳ мегирад.
Имрӯзҳо, ки мавсими шинондани парвардаҳои қаланфур, бӯимҷон, помидор, райҳон ва гулҳои рӯиҳавлигӣ ба охир мерасанд, вай ба кишти такрори онҳо тайёрӣ мебинад. Зеро барои баъзеҳо парвардаҳои миёнсолӣ ҳам даркоранд ва онҳо омада аз хонааш мебаранд.
– Аз сабаби карантин гулҳоро ба бозор бароварда натавонистем, – бо афсӯс мегӯед Ҷалол Ҳотамов. – Маҷбур қариб якуним пал гулҳои шукуфонро вайрон карда, ба ҷояш тухми парвардаҳо шинонем.
Дар ҳамин қитъаи замин ӯ барои хонаводааш низ маҳсулоти деҳқонӣ мерасонад. Раҷҷа кашидаги барин бехпиёзу сирпиёз нашъунамо меёбанд. Барги навдаҳои сирпиёзро мӯйи духтарон барин бофтаанд. Бо ин роҳ ҳар як сирпиёз мушт барин калон мешудааст.
Мо аз Ҷалол Ҳотамов оиди аз як замин чанд бар ҳосил гирифтанаш пурсон шудем.
– Мо аз ин замин камаш се бор ҳосил мегирем, – гуфт ӯ. – Бар замми кабудиҳо 5-6 хел парвардаи сабзавот ва 40-50 хел гулҳо парвариш менамоем. Ба корҳои ман писарам Ҷаҳонгиру келинамон Мавсума ҳам ёрӣ мерасонанд. Даромади софи солона камаш 8-10 миллион сӯмро ташкил мекунад. Шукр, ки зиндагониамон нағз гузашта истодааст, фақат…
Дар ин ҷойи суханаш рангу рӯйи ӯ тағйир ёфт.
– Чӣ фақат?
– Ана, иди 9-уми май ҳам наздик. Мо ҳам дар нуқтаи хатарноки ҷанги Афғонистон – Қандаҳор қариб ду сол хизмат карда омадем. Вале ҳеҷ кас моро ба ёд ҳам намеорад…

Б.ҶУМЪАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ