Дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони коронавирус ба 3 миллиону 822 ҳазору 860 нафар расид

Дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони коронавирус ба 3 миллиону 822 ҳазору 860 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон


Ба ҳолати субҳи 7 май дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 3 миллиону 822 ҳазору 860 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 302 ҳазору 891 кас шифо ёфтаанд ва 265 ҳазору 76 тан фавтидаанд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 1 миллиону 263 ҳазору 92 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 74 ҳазору 799 нафар ва шумораи шифоёфтагон 212 ҳазору 891 касро ташкил медиҳад.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз ИМА, ҳамчунин Испания  (253 682 нафар),  Италия (214 457), Британияи Кабир (201 101), Франсия (174 191), Германия (168 162), Россия (165 929), Туркия  (131 744),  Бразилия (126 611) ва Эрон (101 650) дохил мешаванд.
Аз ҳама бештар дар ИМА — 212 981 нафар, Испания – 159 359, Германия – 139 900, Италия – 93 245, Эрон – 81 587, Туркия – 78 202, Чин – 77 957, Франсия – 53 972, Бразилия – 51 370 ва Канада – 28 171 нафар беморон шифо ёфтаанд.
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (74 799 нафар), Британияи Кабир (30 076), Италия (29 684), Испания (25 857), Франсия (25 809), Бразилия (8 588), Белгия (8 339), Германия (7 275), Эрон (6 418) ва Недерланд (5 204) шомил мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ