Эрон: то кунун 81 587 нафар аз мубталоён ба корона сиҳат гардида аз бемористонҳо ҷавоб шуданд

Эрон: то кунун 81 587 нафар аз мубталоён ба корона сиҳат гардида аз бемористонҳо ҷавоб шуданд

  • Post category:Ҷаҳон


Вазорати тандурустии Эрон эълом кард, ки то кунун 81 ҳазору 587 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази Равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати тандурустии Эрон ахиран дар шаҳри Теҳрон ба хабарнигорон гуфт дар 24 соати гузашта, ҳазору 680 бемори нав ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба радиои бурунмарзии Садои Хуросон.
Ҳамзамон оқои Ҷаҳонпур афзудааст, ки то кунун дар Эрон  101 ҳазору 650 нафар ба вируси  корона мубтало шудаанд.

Инчунин Киёнуши Ҷаҳонпур таъкид доштааст, ки дар 24 соати ахир фавти 78 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ шумори фавтидагон дар Эрон аз вирус корона ба 6 ҳазору  418 нафар расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ