Шаҳрванде, ки маълумоти беасос ва бардурӯғ паҳн кард, 6 рӯз ҳабс карда шуд

Шаҳрванде, ки маълумоти беасос ва бардурӯғ паҳн кард, 6 рӯз ҳабс карда шуд

6-уми майи соли 2020 соҳиби профили Руслан X дар Фейсбук дар гурӯҳи «Новости Самарқанд» хабари «Ура, карантин тамом, дар ҷамъомад Президент гуфт»- ро паҳн кардааст, ки ин иттилооти бардурӯғ аст.
Дар натиҷаи тафтишот муайян карда шуд, ки корбари ин профили шабакаи иҷтимоии Facebook Руслан X Хайрнуров Руслан Равилович, соли таваллудаш 1967, дар кӯчаи Ӯзбекистон, бинои 9, хонадони 114А, шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекунад. Ҳангоми ташриф ба манзили истиқоматии Руслан X. аз ҷониби шӯъбаи корҳои дохилии рақами 3-и шаҳри Самарқанди Садорати корҳои дохилӣ , шаҳрванд фаъолона муқобилият карда, талабҳои қонунии полисро сарфи назар гамуд. Ин шаҳрвандро ба бинои маъмурии шӯъбаи корҳои дохилии рақами 3-юми шаҳр бурданд ва расман огоҳ карданд, ки эълони паҳнкардааш маълумоти нодуруст аст.
Руслан X. барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ тавассути Интернет, ки тибқи моддаҳои 194 ва 195 Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон зидди қонун аст, ба 6 рӯз маҳкум ба зиндон шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ