Ёздаҳ нафар беморони коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҳолати вазнин қарор доранд

Дар Ӯзбекистон 11 беморе, ки аз табобати коронавирус мегузаранд, дар ҳолати вазнин қарор доранд. Ин нуктаро сардори бозрасии давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологии назди Девони Вазирон, Сарсадорати давлатии санитарӣ Нурмат Отабеков изҳор дошт.

«Дар табобати беморон натиҷаҳои мусбӣ қайд карда мешавад. Рӯзи 6-уми май 76 нафар бемор пурра шифо ёфтанд ва ба марказҳои барқароршавӣ интиқол дода шуданд. То кунун 1577 нафар ё беш аз 70 дарсад аз вирус табобат гирифтаанд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз 679 нафар беморон, ки дар беморхонаҳо табобат мегиранд, 11 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд », — гуфт Отабеков.

Барои маълумот, бинобар беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар, минтақаҳо ба гурӯҳҳои «сурх», «зард» ва «сабз» тақсим карда шуданд. Вобаста аз он, ки онҳо ба кадом гурӯҳ мансубанд, чораҳои карантинӣ дида мешаванд

Бояд гуфт, ки аввалин ҳолати сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон 15-уми марти соли равон ба қайд гирифта шудааст. То имрӯз 2126 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд, 10 нафар вафот карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ